БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ДАР ИНТИХОБОТ ФАЪОЛОНА ИШТИРОК МЕКУНАНД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 вохӯрӣ  бо иштироки  масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо интихобкунандагони ҷавон вобаста ба интихоботи парлумонӣ  доир гардид.

Зимни суҳбати худ масулини  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб суханронӣ карда, иброз доштанд, ки Пешвои миллат  дар Анҷумани 13-уми ҲХДТ қайд намуданд:  “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа  барои таҳкими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ  ва ягона, инчунин  рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум фаъолият менамояд”. Қайд карда шуд, ҳадафҳои  стретегии ҲХДТ ҳадафҳои созандаву бунёдкор буда, дар ин росто дар руҳияи  баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад.

Дар  фарҷоми вохӯрӣ иштирокдорон  саволҳои худро ба ҳозирин дода, ҷавобҳои қаноатбахш  гирифтанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg