КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Лағмон” вохӯрии номзади пешниҳоднамуда аз ҲХДТ номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб №37 Шарифҷон Ҳакимзода бо иштироки интихобкунандагон баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб, №37 Ҳакимзода Шариф Саидович, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Ҳамидиён Орзу, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Ҳотам Асозода ва шахсони боэътимоди номзад иштирок ва баромад намуданд.
Пас аз муаррифии номзад аз ҷониби шахсони боэътимод бо аҳли толор Ҳакимзода Шариф Саидович ба сухан баромада, бобати барномаи пешазинтихоботии хеш, ки аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ сарчашма мегирад, ба саҳми ҳозирин расонида шуд. Иштирокчиён низ дар рафти мулоқот фаъол буда, пешниҳоду дархостҳои худро ба ҳозирин пешниҳод намуданд.