КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки намояндагии “Созандагони Ватанан”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар Коллеҷи санъат бо иштироки интихобкунандагони ҷавон ҷиҳати тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ҷамъомад баргузор гардид.
Вохӯриро намояндагони ҳизбӣ қайд намуданд, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми самтҳои афзалиятноки фаъолияти хоҷагии халқро дар бар гирифта, зимни Анҷумани 13-уми ҲХДТ Пешвои миллат қайд намуданд: “Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳимми давлат мебошад”
Дар ҳамин аснод аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати иштирок дар ин маъракаи сиёсӣ бетараф намбуда, барои интихоби номзади арзандаи хеш саҳмгузори намоянд. Иштирокчиён низ дар қисмати анҷоми мулоқот ба ҳозирин саволҳо дода, ҷавобҳои ба худ хосро гирифтанд.