БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ МАРОМИ ХАЛҚИ ТОҶИК БУДУ ҲАСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Чорсӯ”-и  Ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.

Дар Аксияи ҳизбӣ  фаъолон, аъзо  ва ҷонибдорони ҲХДТ дар маҳаллаи Узун  ба тариқи ҳашари дастаҷамъона ҷойҳои таъмирталаби  майдончаи варзиширо таъмири хушсифати замонавӣ карданд, ки ин майдончаи варзишӣ барои сокинон, алалхусус наврасону ҷавонон барои обутоб ёфтани бадан хизмат хоҳад расонд. Чунин иқдомҳои неку созанда ба истиқболи ҷашни шоистаи 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ва маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистодаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилон халқ  бо ҷалби шахсони хайрхоҳу саховатманд  идома дода мешавад.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg