Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Роҳи нав”-и Ҷамоати деҳоти Узун ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ мулоқот доир гардид. Масъулин ҳизбӣ дар бармади худ қайд намуданд, ки дар Паёми навбӣатӣ ироа гардид, ки дар интихоботи дар пешистода номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллкии вакилони халқ аз ҳисоби занону духтарон бештар пешбарӣ карда шаванд. Чунки бонувони мо дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширакат меварзанд. Ҳол он ки бонувон дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият карда, дар рушди ҷомеаи демократии ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия минбаъд низ дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусҳои созандаи онҳоро дастгирӣ менамояд.