Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Узун”-и Ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ иброз доштанд, ки Паёми Президенти мамлакат барои тамоми ташкилоту муассисаҳои кишвар роҳнамои корӣ буда, барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои ироашуда ҳамаи мо масъулем. Дар фарҷоми суханрони оид ба масъалаҳои баррасигардида, баҳсу мунозираҳои судманд доир гардида, аз ҳамагон даъват ба амал оварда шуд, ки барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ дар баланд бардоштани маърифати динӣ ва сиёсии ҷавонон, дуруст ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ нисбати ғояҳои гурӯҳҳои ифротӣ, инчунин фаҳмондадани моҳият, оқибат ва паёомадҳои гурӯҳҳои террористӣ саҳмгузорӣ карда, баҳри иҷрои қонунҳои амалкунандаи кишвар бетараф набошанд.