БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ МАН-ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки васеи интихобкунандагон дар   қасри  Фарҳанги  ҷамоати деҳоти Зиракӣ вохӯрии роҳбарияти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  бо сокинон  баргузор гардид.

Дар кори маҷлис номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Ҳамидиён Орзу, раиси ҷамоати деҳоти Зиракӣ,  Зардиев Ҳусниддин  иштирок ва баромад намуданд.

Зимни баромади хеш Ҳамидиён  Орзу, номзад ба вакилии  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  аз ҳавзаи  интихоботии  Кӯлоб №37  Шарифҷон Ҳакимзода , номзад  ба вакили Маҷлиси вакилони халқии вилояти Хатлон аз ҳавзаи  интихоботии №9 Одилзода Дилбар ва  номзад ба вакили  Маҷлиси вакилони халқии шаҳри Кӯлоб аз ҳавзаи  интихоботии №33 Валиева Саъбагулро бо интихобкунандагон муаррифӣ намуд. Зимни суҳбат иштирокчиён   қайд карданд, ки  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбуди ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд. Рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи ҲХДТ барои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ равона шудааст. Мо бар он бояд талош кунем, ки чорабинии  муҳимми сиёсии дар пешистода дар сатҳи баланди сиёсӣ, шаффоф ва демократӣ доир гардад. Мо  масъулинро зарур аст,  ки дар марҳилаи омодагӣ ба ин чорабинӣ  корҳоро бо ҷавононе, ки дар чунин маъракаҳои муҳим бори аввал иштирок мекунанд, тақвият бахшида, ба онҳо муҳимияти иштирок дар интихоботро фаҳмонем. Зеро овозои ҳар як шаҳрванд дар интихобот муҳим аст.

Дар  рафти вохӯрӣ  иштирокдорон  ба номзадҳо  суолҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои  мушаххас гирифтанд. Шахсони боэътимоди номзадҳо ҳолнома ва барномаҳои пешазинтихоботии номзадро, ки аз Барномаи ҲХДТ барои солҳои  2020-2025 сарчашма мегирад бар интихобкунандагон расонидаанд. Дар охир суҳбати номзад бо интихобкунандагон сурат гирифта, интихобкунандагон пешниҳодҳои худро доир ба масъалаҳои ҳалталаб баён доштанд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg