БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ НИШОНАИ ЗИРАКИИ СИЁСИСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки васеи интихобкунандагон дар   деҳаи Хонободи  ҷамоати деҳоти  Даҳана вохӯрии номзад аз ҳавзаи  интихоботии якмандатии Кӯлоб №37 бо сокинон   баргузор гардид.

Зимни мулоқот номзад  ба  вакилии Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб, №37  Ҳакимзода  Шариф Саидович, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Ҳамидиён Орзу  ва шахсони боэътимоди  номзад иштирок ва баромад намуданд. Шахсони боэътимоди номзадҳо ҳолнома ва барномаҳои пешазинтихоботии номзадро, ки аз Барномаи ҲХДТ барои солҳои  2020-2025 сарчашма мегирад,  ба саҳми  интихобкунандагон расониданд. Инчунин,  дар рафти суҳбат аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки зимни баргузории чорабинии муҳимми сиесӣ аз худ масъулияти баланди  ватандӯстӣ нишон дода, дар раванди интихобот фаъолона иштирок намуда, овози худро ба номзадщои арзанда  диҳанд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg