КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар Колеҷи омӯзгории назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб вохӯрӣ бо интихобкунандагони ҷавон доир гардид.
Тавре зимни суҳбат намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб иброз доштанд, дар Анҷумани 13-уми ҲХДТ Пешвои миллат қайд намуданд, ки “Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад. Насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад. Дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад”.
Дар ин росто аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, зимни баргузории чорабинии муҳимми сиёсӣ аз худ масъулияти баланди ватандӯстӣ нишон дода, дар раванди интихобот фаъолона ширкат варзанд.