БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДИИ МАН АСТ!

КӮЛОБ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мутобиқи нақшаи кории  намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”  дар  Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб  вохӯрӣ бо интихобкунандагони ҷавон  бо иштироки кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  доир гардид.

Дар раванди суҳбат ҳозирин баромад намуда, оид ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, раванди иштироки ҷавонон дар интихобот ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ фикру ақидаҳои хешро баён намуда, иброз  доштанд, ки зимни  баргузории Анҷумани 13-уми ҲХДТ Пешвои миллат қайд карданд: “Барои таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва ҳифзи минбаъдаи манфиатҳои ҷавонон сохтору мақомоти марбутаро вазифадор месозам, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2030”- ро дар таҳрири нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд”.

Дар ин росто аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи корӣ худ намуда, зимни баргузории чорабинии муҳимми сиёсӣ аз худ масъулияти баланди  ватандӯстӣ нишон дода, дар  раванди интихобот фаъолона иштирок намуда, номзади арзандаро интихоб намоянд.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg