БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ, ХАДАФИ АСОСИИ ҲХДТ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва шарҳу тавзеҳи самтҳои муайянгардидаи он дар ташкилоти ибтидоии «Сарбанд»- и Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» бо иштироки намояндагони ҳизби шаҳри Левакант  вохӯрї доир гардид.

Масъулин зимни суҳбат қайд карданд, ки ҲХДТ Барномаи худро таҳти унвони «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» барои солҳои 2020-2025 таҳия карда, ҳаёти ҳамарӯзаи мардумро инъикос менамояд. Ҳадафи асосии ҳизб рушду пешрафти Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад. Аҳли суҳбат изҳор доштанд, ки албатта дар рӯзи интихобот фаъолона иштирок менамоянд ва ба тарафдории вакилони арзанда раъй хоҳанд дод. Мо бояд талош бар он дошта бошем, ки рӯзи интихобот ба тарафдории шахсони соҳибмаърифату донишманд, ботаҷрибаву обрӯманд ва ватандӯсту поквиҷдон овоз диҳем, то ки дар ҳалли мушкилоти мардум  саҳм гузошта тавонад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg