БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ ҶИНОЯТИ САХТУ ХАВФНОК АСТ

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои  миллӣ. Мулоқоти навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 -2025 ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Гулистон»-и Ҷамоати деҳоти Гулшан баргузор гардид.

Масъулин зимни сухарнонӣ қайд карданд, ки Пешвои миллат ба масъалаи мубориза бо терроризм ва экстремизм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Алҳол авзои ноорому бесуботи сиёсии сайёра боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон гардидааст. Зеро кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашидаанд.

Саҳифаҳои таърихи инсоният ҳеҷ гоҳ аз амалҳои зишти террористон холӣ набудаанд. Терроризм ҷинояти сахту хавфнок аст. Террористон манфиатҳои миллию давлатиро ба эътибор намегиранд. Онҳо аз сохти давлатие ҳимоят мекунанд, ки ба андешаашон, гӯё ҷавобгӯйи аҳкоми динӣ ва мазҳабӣ мебошад. Дар натиҷаи амалҳои террористии онҳо давлатҳои ҷудогона бесуботу хароб мешаванд. Қишре аз мардумро дар муқобили қишри дигар, пайравони мазҳабҳои гуногунро зидди ҳам шӯронда, ҳатто давлатеро муқобили давлати дигар қарор медиҳанд. Дассисаҳо ва дастгирии баъзе абарқудратҳо аз террористон дар гӯшаҳои гуногуни дунё баҳри амалигардонии манфиатҳои худ давлатҳои дигарро ба ҳоли табоҳ гирифтор намудаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ  бисёр дурандешона таъкид намуданд: “Дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад”.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg