ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсаду шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии ҳизб бо иштироки кормандони Кумитаи иxроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии”Деҳоти Меҳвар ”хониши сиёсӣ роҳандозӣ гардид.
Масъулин дар ин вохӯрӣ ҳозиринро бо Барономаи пешазинитихоботии ҲХДТ шинос намуда, дар бораи муҳим будани маъракаи сиёсӣ суханронӣ намуданд. Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ҳуҷҷатест раҳнамо барои расидан ба ҳадафҳои олии давлат. Иброз шуд, ки ҲХДТ бо истифода аз сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати таъмини ширкат дар рушди устувори ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳар як сокини мамлакат шароити мусоид фароҳам оварад.