Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Сангоба-1»-и участкаи интихоботии № 22 ноҳияи Носири Хусрав вохӯрии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони ноҳия бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Роҳбарияти Кумитаи иҷроия ба интихобкунандагон муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои онро ба интихобкунандагон фаҳмонида, қайд кард, ки таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва ҳар як фарди худогоҳ, бахусус наврасону ҷавонон огоҳ будан аз наслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат зарур ва ҳатмист. Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем ба онҳо арҷ гузорем. Дар робита ба ин Сарвари давлат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон»-ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30- солагии Истиқлолити давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа карда мешавад. Ҳамчунин бо пешниҳоди Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конференсияи генералии ЮНЕСКО доир ба баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ қарор қабул намуд.