БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ИН МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСИСТ

ҶАЙҲУН. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «8-март»-и Ҷамоати деҳоти Яккадин бо интихобкунандагон  чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.

Зимнан дар рафти маҷлис масъулин қайд намуданд, ки раванди интихоботӣ яке аз масъалаҳои муҳим барои ҷомеаи муосир ба ҳисоб рафта, дар шароити кунунӣ кишвареро пайдо кардан ғайриимкон аст, ки аз он истифода нанамояд. Қатъи назар, аз сохти сиёсаташон кишварҳои гуногуни олам аз раванди интихоботӣ ба таври васеъ истифода менамоянд ва онро яке аз унсурҳои асосии инкишофи худ медонанд.

Ҷумҳурии  Тоҷикистон низ, имрӯз кӯшиши сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократиро дорад, барои боз ҳам мустаҳкам намудани пояҳои устувори  давлатдорӣ аз раванди интихоботӣ ба таври васеъ истифода менамояд. Маҳз интихоби дурусти интихобкунандагон метавонад, ки боиси рушди минбаъдаи ҷомеа ва сатҳи беҳтари зиндагии мардум гардад.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg