БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ РОҲКУШОИ АМАЛҲОИ СОЗАНДА

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади баррасӣ  ва шарҳу тавзеҳи  Паёми  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олӣ  ва самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҲХДТ  ва муаррифии  Барномаи пешазинтихоботии  ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзади он   ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ташкилоти ибтидоии  кӯчаи «Алишер Навоӣ»-и ҷамоати шаҳраки Муъминободи ноҳияи Муъминобод мулоқот баргузор гардид.

Нахуст, кормандони масъули ҳизбӣ дар хусуси моҳияти Паём андешаҳояшонро  баён намуда, қайд карданд, ки  барои  беҳтар  гардидани  фаъолияти сохтору мақомотҳои дахлдор  ва муайяну  мушаххас  кардани вазифаҳои   ҳар як шаҳрванд, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  санаи 26.12.2019 ироа гардид. Дар навбати худ иштирокчиён  гуфтанд, ки Паёмро ҳамчун қутбномае дар роҳи  созандагӣ  истифода хоҳанд  бурд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg