ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Афардӣ 3»-и деҳоти Деҳқонариқ хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Зимни суханронӣ масъулин баён карданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва рушди устувори иқтисоди мамлакат санади муҳим буда, татбиқи амалии саривақтии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат аз ҳар як сокини кишвар меҳнати софдилонаву содиқонаро тақозо менамояд.
Яке аз масъалаҳои калидии барномаи сиёсӣ ва стратегияи давлатӣ, ки Пешвои миллат ба он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шоистаи мардум, махсусан рушди деҳот ва ободу зебо кардани кӯчаю маҳаллаҳои аҳолинишин мебошад.