БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБ ТАШАББУСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 - 2025 кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзо ва ҷаонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии «Арчаи»-и Ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот масъулин иброз доштанд, ки соли 2019 чун солҳои қаблӣ дар тақвими зиндагии мардуми сарбаланди тоҷик бо таҳаввулоту навгониҳо ва дастовардҳои муҳими таърихӣ бешак сабт мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории конфронсу ҳамоишҳои байналмилалиеро мизбонӣ кард, ки натиҷаҳои он ба нафъи тамоми мардуми сайёра хоҳад буд.Ташаббусҳои Пешвои миллати мо дар ҳолест, ки тибқи маълумоти оморӣ, ҳар сол дар ҷаҳон 5 миллион нафар бар асари истифодаи оби ифлос вафот мекунанд ва 3 миллиони дигар ба маризиҳои гуногун гирифтор мешаванд. Далели аз ин ҳам ҳайратовар он аст, ки айни замон дар ақсои олам 1,2 миллиард нафар ба оби нӯшиданӣ дастрасии дуруст надоранд. Ин аст, ки тамоми сокинони сайёра аз иқдомоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол мекунанд.  Бо назардошти аҳамияти ин ташаббус Пан Ги Мун, собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, изҳори боварӣ намуда буд, ки даҳсолаи нав дар роҳи таҳким ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об нақши арзишманд гузошта, дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005 - 2015 - ро тақвият мебахшад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg