БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ЯКЕ АЗ ВОСИТАҲОИ АСОСИИ РУШДИ ИНКИШОФИ ҶОМЕА

ҶАЙҲУН. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Дӯстии халқҳо»- Ҷамоати деҳоти Яккадин бо интихобкунандагон  мулоқот  баргузор гардид.

Зимнан дар рафти маҷлис масъулин қайд намуданд, ки имрӯзҳо мо дар марҳилаи ниҳоят ҳассос, яъне дар арафаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагон ва вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ қарор дорем. Мардуми тоҷикро мебояд, ки бо азми дурусту иродаи қавӣ вакилони кордону боваринокро интихоб намоянд, вакилоне, ки тавонанд талаботи тамоми шаҳрвандонро қонеъ созанд. Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Тоҷикистонро имрӯз аксарияти давлатҳои ҷаҳон ба расмият шинохтаанд. Маҳз Пешвои миллат тавонистанд, ки оташи ҷанги бародаркушро хомӯш намоянд ва ливои ваҳдату ягонагиро дар Тоҷикистон парафшон созанд. Бо азми қавии ин абармард имрӯз мо шаҳрвандон имкон пайдо намудем, ки дар ҳавои ободу осудаи кишварамон сарбаландона зиндагӣ намоем.Бо назардошти ин ҳама, ҳар яки моро мебояд, ки хулосаҳои дақиқу лозимӣ барорем ва ба интихоби вакилон ҷиддӣ муносибат намоем. Зеро тақдири ҳар миллат ба интихоботи он вобастагии зич дорад. Ҳар яки мо кӯшиш намоем, ки бо донишу малакаи худ дар эъмори ҷомеаи мутамаддини демократию ҳуқуқбунёд саҳм гузорем ва баҳри боз ҳам шукуфон гардидани Тоҷикистони маҳбубамон талош варзем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg