ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ёзғанд”-и ҷамоати шаҳраки Панҷ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия хониши сиёсӣ ҷиҳати таблиғи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин атрофи маъракаи муҳими дарпешистода, интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуданд. Иброз шуд, ки ҲХДТ зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!” садоқати худро ба арзишҳои умумумиллии соҳибихтиёрӣ ва ошкорбаёнӣ амалӣ месозад. Таҳкими манфиатҳои миллии кишвар самти афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад. Бинобар ин фаъолона ширкат намудан ва дар сатҳи баланд баргузор кардани ин маъракаи муҳими сиёсӣ вазифаи масъулиятноки ҳар як ҳизб ба шумор меравад.