ПАНҶ. Дар доираи Солишинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии «Андиҷон» мулоқот роҳандозӣ карданд.
Дар мулокот роҳбарияти Кумитаи иҷроия зимни баромад қайд кард, ки бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот, ваҳдати сартосарӣ имрӯз Тоҷикистон дар асоси принсипҳои ҷомеаи демократӣ, Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ба марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ бо талошу фидокориҳо бо татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид гардидааст. Мебояд, ки ба қадри талошҳои ҷонфидокоронаи Роҳбари давлат бирасем ва ҷавобан ба ин ғамхориҳои беназир садоқатмандона ба халқу Ватани хеш хизмат намоем, диёрамонро боз ҳам ободу зебо гардонем ва ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем, ҳамзамон бобати омодагиҳо ба маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллӣ андешаҳои худро баён карданд.