
ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии “Меҳнатобод”-и ҷамоати деҳоти Қизилқалъа оид ба муаррифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025, номзадҳои он ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хониши сиёсӣ доир намуданд.
Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ дар бораи моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 ва номзадҳои он андешаронӣ карда, қайд намуданд, ки ҲХДТ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар панҷ соли оянда дар доираи Барномаи худ, ки таҳкими амнияту оромӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шароити зиндагии шоистаи шаҳрвандонро аз ҳадафҳои олии худ медонад, амал мекунад.
Инчунин,дар идома масъулин муҳтавои Паёми Президенти мамлакатро шарҳ дода, гуфтанд, ки Паёми Президенти кишвар баёнгари андешаҳои созанда буда, моро лозим аст аз он ҳамчун дастурамали корӣ дар фаъолияти ҳаррӯзаамон истифода барем.