БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ АЗ СОЛИ НУР

ҶАЙҲУН. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 дар ташкилоти ибтидоии «Ҳофизи Шерозӣ»-и Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ бо интихобкунандагон  маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Зимнан дар рафти чорабинӣ масъулин муфассал суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки барномаҳои созандаи Пешвои миллат, ки муҳимтарини онҳо ҳамасола дар Паёмҳои фардоофарин ва чароғафрӯзи сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистон муҷассам мегарданд, имкон фароҳам овардаанд, ки дар навбати аввал дар Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне 9 сентябри соли 2019, чархаи дувуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” – иншооти бузурги асри XXI, ки танҳову танҳо бо иқтидори миллии мо бунёд гардид, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш ба мардуми худ пайғоме расониданд, ки баробари ба поён расонидани  сохтмони ин иншооти аср, ки “Кохи нур” унвон гирифтааст, Тоҷикистони азизи мо ба шумори се кишвари бузурги истеҳсолкунандаи нерӯи маъруф ба “энергияи сабз” ва барқи аз лиҳози экологӣ тозатарин дар ҷаҳон ворид хоҳад гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg