БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗМУ ИРОДАИ ИНТИХОБКУНАНДА БАҲРИ ОЯНДАСОЗИИ КИШВАР

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои  миллӣ. Бо иштироки   раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  раиси комиссияи ҳавзавии интихоботӣ оид ба интихоби  вакили  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷиикстон дар ҳавзаи №28-и  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  Қодиров Тағойбек,  раисони комиссияи ҳавзаҳои  № 62, 63 ва 64-и  Маҷлиси вакилони  маҳаллии вилояти Хатлон ва раиси комиссияи ҳавзаи ва дигар шахсони даъватӣ  вохӯрӣ бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Ҳамчунин дар мулоқоти мазкур номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзадҳо ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилояти Хатлон ва ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок доштанд.

Нахуст мулоқот раиси комиссияи ҳавзаи №28 кушода, оид ба риоя намудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд. Сипас, роҳбарияти Кумитаи иҷроия аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ  ва сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои ҲХДТ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар андешаронӣ карда, сокинонро  барои ба таври шаффоф, озод ва демократӣ гузаронидани интихоботи дарпешистода   даъват намуд.

Дар ин вохӯрӣ шахси боэътимоди номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи № 28-и  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Ашӯрзода Гулбаҳор Сангилло шарҳи ҳол ва кору фаъолияташро ба мардум муаррифӣ намуд.

Инчунин, номзади ҲХДТ  ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрзода Гулбаҳор Сангилло дар рафти шиносоӣ бо мардум аз рӯи касби хеш, ки табиб мебошад, оид ба беҳдошти солимии мардум ва баланд бардоштани маърифати саломатии аҳолӣ, пешгирӣ аз бемориҳои қанд, дилу рагҳо ва  аз бемориҳои сироятӣ баромад намуд.  

 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg