БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРМАШҚ АЗ ПАЁМ БАҲРИ ОБОДИИ ДИЁР

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар маҳаллаи ба номи Мирзо Турсунзодаи Ҷамоати шаҳраки Қубодиёни норҳияи Қубодиён дар участкаи интихоботии №  19    вохӯрӣ бо сокинони деҳа  баргузор гардид.  

Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ дар мавзӯи “Бо обод намудани маҳалли худ, Тоҷикистонро шукуфон мекунем!” суханронӣ карда,  қайд намуданд, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарогирии тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар  мавриди таҳлили амиқу ҳамаҷониба қарор гирифта, бо пешниҳоди Роҳбари давлат солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуда, баҳри амалӣ гардидани дастуру супоришҳои аз Паём бароянда ҳар як сокини кишвар саҳмгузор буда метавонад. Сипас, даъват бар он карда шуд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, бо ҷалби шахсони саховатманди маҳал дар сохтмони ҳар гуна иншоотҳои маданиву маишӣ  ва тозаву обод гардонидани ҷои зисти худ саҳмгузорӣ намоянд.

Дар робита ба ин даъват сокинони маҳаллаи мазкур дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  баҳри ободонии маҳалли худ ба масофаи 1500 метр роҳи автомобилгарди маҳалларо ба тариқи ҳашар сангфарш намуданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg