
ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии “Боғчаи №2”-и ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо итихобкунандагон суҳбату вохӯрӣ доир намуданд.
Инчунин, дар рафти суҳбат номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии №29 Қодирова Бибиробия аз барномаи пешазинтихоботии худ, ки аз Баронмаи пешазинтихоботии ҲХДТ сарчашма мегирад, ёдоварӣ карда, ҳар қисмати барномаи мазкурро ба сокинон ба таври муфассал шаҳру тавзеҳ дод.
Сипас, дар ин раванд намояндагони ҳизбӣ дар бораи моҳияти Паёми навбатӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва интихоботи дарпешистода фикру андешаҳои хешро баён дошта, сокинонро барои саҳм гузоштанд дар рушду ободии Ватан ва иштироки фаъолона дар интихоботи 2020 раҳнамоӣ намуданд.