БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – МУСОИДАТ ДАР РАВАНДИ ЭҲЁИ МИЛЛӢ

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.      Намояндагони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он  ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат дар ташкилоти ибтидоии деҳаи  “Ҷ.Балхӣ”  бо иштироки номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Лутфия Абдулхолиқзода ва  роҳбарияти  Кумитаи иҷроия бо сокинон мулоқот баргузор намуданд. Дар рафти  вохӯрӣ масъулин  оид ба дастовардҳои ҲХДТ дар тӯли 25 соли фаъолияташ суханронӣ намуда,  гуфтанд, ки дар давоми 25 - соли фаъолияти хеш ҲХДТ дар самти рушди иҷтимоию иқтисодӣ, пешрафту ободонии кишвар, беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ва ба даст овардани нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ роҳи пуршараферо тай карда, имрӯзҳо ба як нерӯи писандидаи сиёсии кишвар табдил ёфтааст.Сипас,  номзад Абдулхолиқзода Лутфия барномаи пешазинтихоботии худро ба иштирокдорон шинос намуда, бандҳои дар барнома инъикосшударо ба таври мушаххас шарҳу тавзеҳ дод. 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg