БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ РОҲНАМОИ СОКИНОН БА АМАЛҲОИ БУНЁДКОРОНА

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакат, инчунин таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади он  ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  дар Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш бо сокинони деҳаҳои  1-май, Ориёно ва Мирзообод суҳбату вохӯрӣ доир гардид.

Дар суҳбат намояндагони ҳизбӣ дар бораи моҳияти Барномаи пешазинотихоботии ҲХДТ ва нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  андешаронӣ карда,  ҷамъомадагонро ба амалҳои созанда ҳидоят намуданд.
 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg