Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар ба Маљлиси Олии мамлакат ва ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихобии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии «Фирӯз»-и Ҷамоати деҳоти Узун вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ аз ҳар як иштирокчӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҳидоятҳое, ки аз Паёми имсола бармеоянд, барои рушду пешрафти Ватан ва таъмини зиндагии осудаи сокинони мамлакат равона карда шудааст, моро зарур аст дар иҷрои ин дастуру супоришҳои Роҳбари давлат бетараф набошем.