БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РУШДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ АСОСИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «МДНРА» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми имсола ва тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрӣ анҷом дода шуд.

Маъсулин дар назди ҳозирин дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва моҳияту муҳтавои интихобот ва номзадҳои арзандаи ҲХДТ маълумот дода,  қайд намуданд, ки ҲХДТ  ҷомеаи шаҳрвандиро марҳилаи олии рушду инкишоф ва яке аз шаклҳои ҳамраъйиву ҳамкории инсонӣ ва асоси устувории давлат ҳисобида, барои баланд бардоштани нақшу ҷойгоҳи он дар байни аҳолии кишвар корҳои фаҳмондадиҳӣ амалӣ менамояд.  ҲХДТ  ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлат ҳамеша ҷиҳати боло бурдани сатҳи фарҳанги сиёсии ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат мекунад.

 Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани мамлакат яке самтҳои муҳимтарини фаъолияти ҳизбиро ташкил медиҳад.

Қисмати интиҳоии вохӯрӣ бо пусишу посухи тарафайн ҷамъбаст гардид.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg