
А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии «Тутзор» -и Ҷамоати деҳоти ба номи Калинини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мардуми деҳа дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба роҳ мондани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар амал татбиқ намуда, дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ҳама дар якҷоягӣ сохтмони 6 синфхонаи иловагӣ барои 150 ҷойи нишасти хонанда дар як баст дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14-и деҳа ба роҳ монданд.
Узви фаъоли ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии мазкур Салимов Салимсоқ аз ҳисоби пасандозҳои оилавиаш беш аз 100 ҳазор сомонӣ ва мардуми деҳа зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ дар сохтмони ин бинои таълимӣ маблағгузорӣ намуданд. Айни замон қисми зиёди корҳои сохтмонӣ бо сифати хуб иҷро гардида, то оғози соли таҳсили 2020-2021 ин бинои муассисаи таълимӣ ба пуррагӣ ва бо таҷҳизоти таълимӣ таъмин гардида, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифодаи хонандагон қарор дода мешавад. Дар баробари ба истифода додани ин бинои муассисаи таълимӣ мушкилоти дар се баст таҳсил намудани хонандагони деҳа ҳалли худро меёбад.