БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА НОМЗАДҲОИ АРЗАНДАИ ХУД БО ДАРКИ БАЛАНДИ МАСЪУЛИЯТ ОВОЗ МЕДИҲЕМ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохтибештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади фаъол гардонидани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ Хайрулло Амонулло ва Зафар Мирзоён аъзои КИМ ҲХДТ ва раиси Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, раиси ҳавзаи якмандатаи Ҳамадонӣ 35 “Оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагонӣ Маҷлиси Олии мамлакат”  ва оммаи васеи интихобкунандагон иштирок доштанд.   

Зафар Мирзоён зимни суханронӣ оид ба моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ бо ҷамъомадагон суҳбат намуда, қайд кард, ки ҲХДТ  зери шиори “Барои пешрафт  ва зиндаги шоистаи мардум” садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад. ҲХДТ барои таъмини рушди устувор ва бо мароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи нерӯи инсонӣ дар асоси баробарии адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд.

Дар охир раиси Ситоди пешазинтихоботии ноҳиявӣ ба ҷамъомадагон муроҷиат карда,  даъват ба амал овард, ки ба дарки масъулияти баланд рӯзи интихобот иштирок карда, намояндагони арзандаи худро барои ояндаи давлату миллат интихоб намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg