БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОМОДАГИҲО БА ИНТИХОБОТ ВУСЪАТИ ТОЗА ДОРАНД

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии «Афардӣ 1 ва 2”-и деҳаи Сайф Раҳими Ҷамоати  деҳоти Деҳқонариқ вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни мулоқот масъулин иброз доштанд, ки дар баробари омодагӣ ба таъмини шароитҳои баргузории интихобот ва муҳайё кардани шиору овезаҳо, инчунин, 10 номгӯйи санадҳои ҳуқуқӣ дар ҳавзаҳои интихоботии ноҳияи Фархор тақсим карда шуданд. Бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳ ва фаъолгардонии тамоми қишрҳои ҷомеа ба ин маъракаи сиёсӣ як зумра иқдомҳо амалӣ гаштанд. Ба хотири ба дарки ҳамагон расонидани моҳияти интихобот корҳои фаҳмондадиҳӣ бо  сокинон роҳандозӣ гардида, барои  тартиби кории интихобот ва таъмини имкони раъйдиҳии шаҳрвандони имконияташон маҳдуд аз ҳисоби ҷавонони фаъол 86 нафар ихтиёрӣ даъват карда шудааст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg