БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ЯКЕ АЗ НИШОНАҲОИ АСОСИИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ ВА ҲУҚУҚБУНЁД МЕБОШАД

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади бо мардум аз наздик суҳбат намудан дар самти 25 соли фаъолияти пурсамари ҲХДТ, таъмини волоияти қонун, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ вохӯрии ҷонибдорон ва аъзои ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, аъзои Ситоди КИМ ҲХДТ Абдуллозода  Фариза  Сайдқул  сардори  Раёсати  кор  бо  ҷавонон  ва  варзиши  Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  вилояти  Хатлон,  номзад  ба  вакилии  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи интихоботии Восеъ №39 баргузор гардид. Вохӯрӣ дар Гимназияи  давлатии  Ҷамоати  шаҳраки  Совет  бо намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла фаъолони Ҷамоати шаҳраки мазкур  баргузор  гардида, роҳбарияти Кумитаи иҷроия    дар  бораи  таърихи  таъсисёбии  ҲХДТ  ва  саҳми  он  дар  ободонию  шукуфоии  кишвар  то  имрӯз  ибрози  сухан  намуда,  ҳозиринро барои шинос намудан бо моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ андешаронӣ кард.

Абдуллозода  Фариза  Сайдқул баромад намуда, ҷамъомадагонро бо барномаи  худ шинос намуда, ҳар як қисмати онро ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg