
МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аъзоёни ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии кучаи «С.Назаров»-и ҷамоати шаҳраки Муъминобод вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Гулсунбӣ Раҷабова ва раиси ҷамоати шаҳрак Мирзошарифзода Сабоҳат иштирок ва суханрони намуданд.
Иштирокдорон вобаста ба Паёми Пешвои миллат, ки саннаи 26.12.2019 ироа гардида буд суханрони намуда аз ҷониби кормандони масъули ҳизби мардум ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят карда шуданд.
Инчунин дар идома раиси ҷамоати шаҳрак Мирзошарифзода С вобаста ба маъракаҳои муҳими сиёсии интихобот ва Барномаи Пешазинтихоботии ҲХДТ ибрози назар намуда ҳозиринро барои иштироки фаъолона дар маъракаҳои муҳими сиёсии пешазинтихоботӣ ва интихоби дурусту оқилона дар раванди интихобот даъват намуд.