
МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Деҳлоло”-и ҷамоати деҳоти ба номи Н.Назарови ноҳияи Муъминобод бо мардуми деҳот вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар суҳбат масъулин оид ба шарҳи Паёми Пешвои миллат, ҳамзамон бо мақсади омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ суханронӣ намуда, сокинонро барои иштироки фаъолона дар интихобот ва дӯст доштани Ватан, саҳм гузоштан дар корҳои созандагӣ раҳнамоӣ карданд.