БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ- МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСИИ КИШВАР!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гурӯҳи ташвиқотию тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шахри Левакант дар деҳаи Тоҷикободи Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрии мазкур муовини раиси Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Фарогат Назарова иштирок намуда, қайд кард, ки мо дар остонаи яке аз маъракаҳои муҳими сиёсии кишвар, ки пешрафту шукуфоӣ, тинҷиву оромӣ аз сатҳи чигунагии сурат гирифтани он вобастагии калон дорад, яъне Интихобот ба Маҷлиси намояндагону Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қарор дорем. Ҳамчунин, назару таваҷҷуҳи интихобкунандагон ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар ин интихобот натиҷагирӣ карда мешавад. Халқ довари бузург аст. Ва то кадом андоза ҳадафҳои Барномавии ҳизбҳои сиёсӣ дар амал татбиқ шуданд, таҳлилу баррасӣ мекунанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тараннумгари дастовардҳои навини мамлакат буда, дар амалисозии ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат бо риояи Оиннома ва Барномаи ҳизб ва дар ин радиф дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли мушкиливу муаммоҳо фаъолияти судманд ба роҳ монда меояд.

Дар  вохӯрӣ Раҷабова Момоҷон ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант муаррифӣ гардида, аз тарафи масъулин Барномаи пешазинтихоботии он  қироат намуда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg