
ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳхри Левакант бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот роҳбарияти Кумитаи иҷроия доир ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ҳадафҳо ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ибрози ақида карда, қайд намуд, ки якуми марти соли ҷорӣ моро чорабиниҳои муҳими сиёсӣ интизор аст. Яъне баргузории интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ. Моро лозим аст, ки дар ин чорабиниҳои муҳим иштироки фаъолона намуда, барои муайян кардани ояндаи давлату миллат бетараф набошанд. Дар идома оид ба бахши сиёсати ҷавонон, ки дар Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ омадааст, қайд карда шуд, ки ҷавонон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҲХДТ қарор доранд.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ Рачабова Момоҷон ба ҳайси номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант шарҳу тавзеҳ дода шуд.