БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБКУНАНДАГОН БА ДАРХОСТУ ПЕШНИҲОДҲОИ ХУД ҶАВОБҲОИ МУШАХХАС ГИРИФТАНД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мулоқоту вохӯриҳои номзад аз ҳавзаи  якмандатаи Кӯшониён №27, номзад ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва номзадҳо ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён бо иштироки Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, Шодиён  Муҳаммад Султонзода номзад аз ҳавзаи  якмандатаи Кӯшониён №27,  номзадҳо ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва номзадҳо ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 - и Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод  бо зиёда аз 250  нафар интихобкунандагон вохӯрӣ доир гардид.

Пас аз муаррифии номзадҳо аз ҷониби шахсони боэътимодашон бобати самтҳои асосии барномаи пешазинтихоботии номзадҳо суханронӣ карда шуд.

Инчунин,  иштирокдорони мулоқот пешниҳодҳои худро доир ба масъалаҳои ҳалталаб баён дошта, дастгирии ҳамаҷонибаи номзадҳоро ба вакилӣ изҳор доштанд.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg