КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён вохӯрии номзадҳои пешниҳоднамуда аз ҲХДТ бо интихобкунандагон доир гардид.
Дар вохӯрӣ Ҳабибзода Зоир, аъзои Ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Абдусаломзода Мунаввар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, Шодиён Муҳаммад Султонзода, номзад аз ҳавзаи якмандатии Кӯшониён №27, номзадҳо ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва номзадҳо ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён иштирок намуда, аз ҷониби шахсони боэътимоди онҳо муаррифинома ва Барномаи пешазинтихоботии номзадҳо муаррифӣ карда шуд.
Ҳамзамон, Абдусаломзода Мунаввар дар вохӯрӣ оид ба Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ маълумоти мухтасар пешниҳод намуда, дар идома мавсуф аз интихобкунандагон даъват ба амал оварданд, ки рӯзи интихобот фаъолона ширкат варзида ба номзадҳои арзанда раъйи худро диҳанд.
Инчунин, иштирокдорони мулоқот пешниҳодҳои худро доир ба масъалаҳои ҳалталаб баён доштанд.