БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ БО НОМЗАДҲО

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи  Энергетикии Тоҷикисон воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён бо номзад Шодиён  Муҳаммад Султонзода аз ҳавзаи  якмандатии Кӯшониён №27,  номзадҳо ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва номзадҳо ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён бо интихобкунандагон мулоқот доир гардид.

Дар мулоқот намояндаи Ситоди пешазинтихоботии КИМ ҲХДТ Ҳабибзода Зоир, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Абдусаломзода Мунаввар ва зиёда аз 220 нафар интихобкунандагон аз Ҷамоати шаҳраки Бохтариён иштирок намуданд.

Инчунин шахси боэътимоди номзад аз ҳавзаи  якмандатии Кӯшониён №27,  ва шахсони боэътимоди номзадҳо ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва  Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи  Кӯшониён интихобкунандагонро бо ҳаёт ва фаъолияти номзадҳо шинос намуда, Барномаи пешазинтихоботиашонро муаррифӣ карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg