КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ҶСК “Шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб” мулоқоти номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб, №37 Ҳакимзода Шариф Саидович аз ҳисоби ҲХДТ ва шахсони боэътимоди он баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб, №37 Ҳакимзода Шариф Саидович, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доштанд.
Пас аз муаррифии номзад аз ҷониби шахсони боэътимод ба аҳли толор Ҳакимзода Шариф Саидович ба сухан баромада, бобати барномаи пешазинтихоботии хеш ибрози андеша намуд.
Иштирокчиён низ дар рафти мулоқот ба номзад саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.