КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори маҷлисгоҳи Донишгощи давлатии Кӯлоб вохӯрии номзади пешниҳоднамуда аз ҲХДТ бо иштироки васеи интихобкунандагон баргузор шуд.
Зимни вохӯрӣ номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб, №37 Ҳакимзода Шариф Саидович, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Ҳамидиён Орзу, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Мирализода Абдусалом Мустафо ва шахсони боэътимоди номзад иштирок ва баромад намуданд.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби шахсони боэътимоди номзад муаррифинома ва барномаи пешазинтихоботии номзад ба аҳли толор расонида шуд.
Дар идома ҳозирин аз интихобкунандагон даъват ба амал оварданд, ки рӯзи интихобот фаъолона ширкат варзида, ба номзадҳои арзанда раъйи худро диҳанд.