БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ НАВБАТИИ НОМЗАД БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати муаррифии ҳолнома ва барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҳисоби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки васеи интихобкунадагон дар Коллеҷи милитсияи шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб, №37 Ҳакимзода Шариф Саидович, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Ҳамидиён Орзу ва шахсони боэътимоди номзад шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, саромӯзгори ДДК Шоинов Ҳасан ва сардори Коллеҷи милитсия дар шаҳри Кӯлоб Умари Хайём иштирок ва баромад намуданд.

Аз ҷониби шахсони боэътимоди номзад ҳолнома ва барномаи пешазинтихоботии номзад ба интихобкунандагон расонида шуд.
 Дар рафти суҳбат Ҳакимзода Шариф қайд кард, ки баъд аз интихоб гардиданам ба ҳайси вакил кӯшиш менамоям, ки дар доираи барномаи пешазинтихоботии худ баҳри ободии Ватан саҳми худро гузорам.

Дар фарҷом ҳозирин аз иштирокчиён даъват ба амал оварданд, ки санаи 1 марти соли 2020 фаъолона ширкат варзанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg