КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб вохӯрии номзади пешбаргардида аз ҲХДТ бо иштироки васеи интихобкунандагон баргузор шуд.
Зимни мулоқот номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб, №37 Ҳакимзода Шариф Саидович, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Ҳамидиён Орзу ва шахсони боэътимоди номзад иштирок ва баромад намуданд.
Дар ин росто аз ҷониби шахсони боэътимоди номзад муаррифинома ва барномаи пешазинтихоботии номзад ба аҳли толор расонида шуд.
Дар идома ҳозирин аз интихобкунандагон даъват ба амал оварданд, ки рӯзи интихобот фаъолона ширкат варзида, ба номзадҳои арзанда раъйи худро диҳанд.