КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори маҷлисгоҳи МТМУ №4-и шаҳри Кӯлоб вохӯрии номзади пешниҳоднамуда аз ҲХДТ бо иштироки васеи интихобкунандагон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Кӯлоб №37 Ҳакимзода Шариф Саидович, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Ҳамидиён Орзу ва шахсони боэътимоди номзад иштирок ва баромад намуданд. Пас аз муаррифии номзад аз ҷониби шахсони боэътимод бо аҳли толор Ҳакимзода Шариф Саидович ба сухан баромада, бобати барномаи пешазинтихоботии хеш ибрози ақида намуд.
Иштирокчиён низ дар рафти мулоқот ба номзад суолҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.