БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ МУЛОҚТҲОИ НОМЗАД БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки васеи интихобкунандагон дар   деҳаи Ҳакимободи  ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб  вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот номзад  ба  вакилии  Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии       Кӯлоб, №37  Ҳамзода  Шариф Саидович, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Ҳамидиён Орзу, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ва шахсони боэътимоди  номзад иштирок ва баромад намуданд.

Шахсони боэътимоди номзадҳо ҳолнома ва барномаҳои пешазинтихоботии номзадонро, ки аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои  2020-2025 сарчашма мегирад,  ба дарки  интихобкунандагон расониданд.

Дар охир суҳбати номзад бо интихобкунандагон сурат гирифта, интихобкунандагон пешниҳодҳои худро доир ба масъалаҳои ҳалталаб баён доштанд.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg