ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади тарғиби сиёсати ҳамаҷонибаи ҲХДТ, иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсии кишвар ҷаласаи Ситоди навбатии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар деҳаи Меҳристони Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулин оид ба самтҳои муҳими Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар давраи солҳои 2020-2025 андешаронӣ карда шуда, номзадҳои ҲХДТ-ро ба мардум муаррифӣ намуданд.
Дар рафти ҷаласаи Ситод қайд карда шуд, ки мо бояд дар рафти маъракаи интихоботи навбатии вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлисҳои маҳаллӣ куллан омода бошем ва саъй намоем, ки беҳтаринҳо ва шахсони лоиқу арзанда вакили мардумӣ интихоб шуда, давоми панҷ соли вакилӣ хизмати халқу Ватанро содиқона адо намоянд.