БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ РОҲЕСТ БАР СӮИ МУВАФФАҚИЯТҲО

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ва номзадҳои он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ҳудуди участкаҳои интихоботии ноҳияи Данғара хусусан дар ташкилотҳои ибтидоии “деҳаи  Шамолдара” бо иштироки номзад ба вакили МНМО ҶТ Лутфия Абдулхолиқзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Каримзода Пирмуҳаммад ва аъзоёни ҲХДТ мулоқот баргузор намуданд.

Дар рафти  вохӯрӣ оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирокдорон баромад намуданд. Сипас номзад Абдулхолиқзода Лутфия барномаи пешазинтихоботии худро ба иштирокунандагон шинос намуд. 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg