БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ИНТИХОБОТ БЕТАРАФ НАБОШ!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти  Сангтӯдаи  деҳаи Нурофари ноҳияи Данғара  суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Кумитаи иҷроия ва дигар шахсони даъватӣ иштирок намуда, оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ба мақоми олии қонунгузории мамлакат Маҷлиси Олӣ санаи 26 декабри соли 2019 дар саҳифаҳои таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт  гардида, ҳамчун барномаи мукаммалу мушаххас бо натиҷагирӣ ва масъалагузорӣ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат арзиши гарону камназири давлатдориро дар замони муосир соҳиб мебошад. Дар ҳамин доира рушди маҳал ва деҳоти кишвар ба хотири дар сатҳи сазовор истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун нуктаи меҳварии Паём арзёбӣ гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg